- бозор
- [بازار]1. маҳалли махсуси харидуфурӯш, ки аз раставу дӯконҳои зиёде иборат аст: бозори ғалла, бозори китоб, бозори болокушода, бозори болопӯшида2. рӯзи муайяни харидуфурӯш, ки одатан ҳар ҳафта як ё ду бор барпо мегардад: рӯзи бозор; бозори шаб // бозори шабона бозоре, ки одатан дар шабҳои моҳи рамазон барпо мегардид; шаби бозор шаби бевоситаи баъди рӯзи бозор, яъне бегоҳи рӯзи душанбе (ки одатан оши палав мепазанд)3. фурӯш; савдо, харидуфурӯш: барои бозор, ба бозор баровардани чизе; бозори калоба а) ҷои фурӯши калоба б) маҷ. ҷои пурмағал, серғавғо ва бетартиб; бозори тез савдои чаққон; серхаридорӣ; бозор кушодан бозор барпо кардан, ба фурӯш гузоштани молу чиз; аз бозор мондан ба фурӯш нарафтан; бозори касе авҷ гирифтан // бозори касе барор ёфтан а) зиёд шудани харидору талабгор ба чизи фурӯшии касе; б) ривоҷу равнақ ёфтани кори касе; бозори чизе ё коре гарм шудан (тафсидан) а) авҷ гирифтани савдо ва харидуфурӯши чизе; харидору талабгори зиёд пайдо шудан (ба чизе ё коре); б) равнақ ёфтани коре; бозори чизе ё кореро гарм кардан киноя аз ривоҷу равнақ додан, ба авҷаш расондан (кореро); бозори чизе касод будан набудани харидор (талабгор) аз чизе; суст будани савдои чизе; сухани (гапи) хона ба бозор рост намеояд (мақ.) дар мавриди мутобиқат накардан ё нодуруст баромадани маслиҳат ва мулоҳизаҳои пешакӣ ба сабаби тағйир ёфтани вазъият гуфта мешавад
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.